Муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба вилояти Хатлон сафар намуд
ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов ба ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ташриф оварда, бо рафти сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 барои 540 ҷойи нишаст дар деҳаи Ғаллаободи ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл шинос шуд. Сокинони меҳнатдӯсту меҳмоннавози ноҳияи Дустӣ Муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро дар вазъияти тантанавӣ ва бо риояи анъанаҳои неки тоҷикона самимона истиқбол гирифтанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 барои 540 ҷойи нишаст дар дехаи Ғаллаободи ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл аз ҷониби Туркманистон дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон бунёд карда мешавад. Бинои муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, тибқи нақша баъди анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ бо шароити муосири таълим ва муҷаҳҳаз бо синфхонаҳои барҳавою муосир ба истифода дода мешавад.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов барои ташриф ба вилояти Хатлон ва нақши ҷониби Туркманистон дар рушди муносибатҳои дӯстонаи байнидавлатӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҷамъияти туркманҳо зиндагӣ мекунанд. Дар вилоят 6 муассисаи таълимии тоҷику туркманӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо фарзандони оилаҳои туркман дар баробари забони давлатии Тоҷикистон метавонанд ба забони туркманӣ низ таҳсил намоянд.
Муовини Раиси Девони Вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро дар ин сафар муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон











Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






