«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Барои дарёфти он байни духтарон мусобиқаи варзишӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 06.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе кушодашавии Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Зимни кушодашавии он гуфта шуд, ки мусобиқаи мазкур ҳамасола садҳо духтарони вазорату идораҳо, муассисаҳои олии таълимӣ ва дигар корхонаҳоро ҷамъ оварда, дар натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи варзишӣ ғолибон муайян мегарданд.
«Мақсади асосӣ аз амалӣ намудани иқдоми мазкур- ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқи васеи бозии волейбол дар байни аҳолӣ мебошад», -иброз гардид дар маросим.
Ғолибони мусобиқа ҳамасола бо Ҷом ва туҳфаву медалҳо сарфароз гардонида мешаванд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад






