Қадамҳои устувори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ. Суратгузориши АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 5 августи соли 1993 таъсис дода шудааст. Донишгоҳ дорои 7 факултет — ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, молия, бизнес ва идоракунӣ, баҳисобгирӣ ва андоз, инноватсия ва