ДАРАХТ БИНШОН! Дар Конибодом 9 ҳазор бех ниҳоли тут, ҷигда, ток ва хуч шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷангалзори шаҳри Конибодом зимни баргузории маъракаи ниҳолшинонӣ 9 ҳазор бех ниҳол, аз ҷумла чор намуд ниҳоли дарахти тут, ҷигда, ток ва хуч шинонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз 70 намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», Ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони вилояти Суғд, донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ — металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва сокинон фаъолона иштирок намуд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷангалзор дар нигоҳ доштани мувозинаи экологӣ нақши муҳим дошта, макони сукунати намудҳои гуногуни олами ҳайвонот мебошад. Мутаассифона, онҳо аз таъсири антропогении инсон, аз қабили буридани дарахтони ҷангал, сӯхтор ва мунтазам чаронидани миқдори зиёди чорво хароб мешаванд.
Барои барқароркунӣ ва нигоҳ доштани ин экосистемаи нодир пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳайвоноти маҳаллӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ мусоидат менамояд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва дастгирии молиявии «Фонди ҳамкорӣ оид ба ҳифзи экосистемаҳои муҳими дар ҳолати осебпазирӣ қарордошта» гузаронида шуд.
Корҳои барқарорсозии ҷангал дар нигоҳ доштани он барои наслҳои оянда ва тақвияти устувории экологии минтақа нақши муассир мегузоранд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






