Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд иштирок дорад

Май 11, 2023 16:29

ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон/Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон бо ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Мансур Мухтор доир гардид, ки зимни он масъалаи густариши ҳамкории дуҷониба баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод хабар доданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо/Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон аз 10 то 13 май дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд иштирок менамояд.

Ба ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ, муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирӯз Шарифзода, Раиси «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшо Бобозода, муовини Раиси «Амонатбонк» Фирдавс Ризвонзода, муовини якуми Раиси «Тавҳидбонк» Муҳиддин Ҳасанзода ва Сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Дилшод Шарифӣ шомил мебошанд.

Дар нишаст ҷониби Тоҷикистон ба Бонки Исломии Рушд лоиҳаҳои мушаххаси соҳаҳои иқтисоди миллиро пешниҳод намуд.

Ҳамзамон дар доираи сафари мазкур вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Бонки Исломии Рушд ва дигар роҳбарони сохторҳои он пешбинӣ шудааст.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 11, 2023 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид
ОБЁРИИ ҚАТРАГӢ ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАД? Шарҳи коршинос дар ин мавзуъ
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор гектар шолӣ кишт карда шудааст
Хатсайри қатораи Душанбе – Москва — Душанбе пас аз 6 сол барқарор гардид
Дар Панҷакент корхонаи мурғпарварӣ ва ҳавзҳои моҳидорӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии зиддикоррупсионӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон аввалин маҷмааи муосири истеҳсоли шиша бунёд мегардад
Дар ноҳияи Сино низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» дар марҳилаи пилотӣ ҷорӣ мегардад
Тоҷикистон бо чанд давлати ҷаҳон муносибати савдои хориҷӣ дорад?
Дар Душанбе Форуми рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF барои Тоҷикистон 2 лоиҳаи нави муҳим ба маблағи 190 миллион доллар тасдиқ гардид