БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 216 иншоот бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 21.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд ва навсозии 216 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, бунёд ва навсозии 17 муассисаи таълимӣ бо синфхонаҳои иловагӣ, 11 иншоот дар соҳаи фарҳанг, 3 иншооти шабакаҳои барқӣ, 26 иншооти саноатӣ, 25 иншоот дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 6 иншооти варзишӣ, 50 адад дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 2 кошонаи ҳусн, 4 иншооти маъмурӣ ва 41 бинову иншооти дигар аз ҳамин ҷумла мебошанд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Қурбоналӣ Нуралиев иттилоъ дод.
Соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 51 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд, ки Маркази савдои «Шамс» ва Маркази тиҷорати «Гулдаст» аз ин шумора буда, дар маркази ноҳия қомат афрохтаанд. Алҳол дар 46 иншооти бунёдшаванда корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар 119 иншооти боқимонда лоиҳакашию ҳуҷҷатгузорӣ идома дорад.
Бояд гуфт, ки тайи 4 моҳи соли 2023 аз иншооти нақшавӣ дар Ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳия аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ маркази савдо ба истифода дода шуд. Инчунин сохтмони Беморхонаи модару кӯдак дар маркази ноҳия, Маркази ҷавонон, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №7 – и деҳаи Дараи оби ҷамоати Доғистон барои 240 ҷойи нишаст ва дар назди бинои МТМУ №30 – и деҳаи Чагам барои 240 ҷойи нишаст идома дорад.
Хушбахтона, бо дастгириҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин навсозӣ шуда, пурра қирпӯш гардидааст. Ронандагон ҳамарӯза аз ин роҳ бе мушкилӣ равуо мекунанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






