БО ИФТИХОРИ БАЛАНД АЗ СОҲИБВАТАНӢ. 200 хатмкунандаи Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуд

Май 13, 2023 18:34

ДУШАНБЕ, 13.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар вазъияти тантанавӣ бо баргузор намудани чорабинии пуршукуҳ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими гусели қариб 200 хатмкунандаи ин муассисаи олӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод хабар дод.

Дар маъракаи гусел роҳбарияти вилояти Суғд, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки тибқи анъана, донишҷӯёни донишкада аз ҳисоби хатмкунандаҳо бо хоҳиши худ ду сол инҷониб барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ мекунанд. Имрӯз низ як гурӯҳ аз донишҷӯён пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд.

Вақте сухан дар бораи ҳимояи марзи Ватан меравад, пеши назар симои ҷавонони бонангу номус ва далеру шуҷоъ меояд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, «адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ барои ҳар  ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад».

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони донишкада бо дониши мукаммал ва рафтори намунавии худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ масъулиятнокӣ ва далерӣ нишон хоҳанд дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Май 13, 2023 18:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд