Дар деҳаи Нақшбандони шаҳри Турсунзода мумфаршкунии роҳи байнидеҳавӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 07.06.2023 /АМИТ «Ховар»/ Дар деҳаи Нақшбандони Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият бо иштироки роҳбарияти шаҳри Турсунзода ба мумфаршкунии 1 км роҳи байнидеҳавӣ оғоз бахшиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Иқдоми мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва роҳбарияти Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият аз ҷониби сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси деҳа роҳандозӣ гардида, дар доираи корҳои ободонӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Соҳибкорони маҳал нақша доранд, ки дар марҳилаи дуюм, соли 2023 як км роҳи дигарро мумфарш намоянд.
Дар маҷмуъ, соли 2023 дар ҳудуди деҳоти 10-солагии Истиқлолият корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ вусъати тоза дошта, зиёда аз 12 км роҳи байнидеҳавӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва сокинону соҳибкорони деҳот пурра таъмиру азнавсозӣ гардид.
Дар ин росто сокинон ният доранд, ки то таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои байнидеҳавии ҳудуди деҳотро пурра таъмиру азнавсозӣ намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Зафаробод Маркази стоматологӣ кушода шуд
Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
Дар Панҷакент корхонаи мурғпарварӣ ва ҳавзҳои моҳидорӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад
Роҳи мошингарди Ёвон — Ваҳдат — Норак навсозӣ карда мешавад
Соҳибкори ватандӯст дар ноҳияи Варзоб тақрибан ду километр роҳи деҳаашро мумфарш кард
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Роҳи мошингарди Чимтеппа-Шарора-Ҳисор баъд аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Беш аз 17 километр роҳи мошингарди Хуҷанд – Истиқлол мумфарш карда мешавад
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ – ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Назари коршинос дар ин мавзуъ
Роҳи маҳаллаи Гулистон то кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе навсозӣ ва мумфарш карда мешавад






