Дар соли раёсати Тоҷикистон Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба ҳайси нозир дар Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шуд

Июнь 5, 2023 21:24

ДУШАНБЕ, 05.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал мулоқот намуданд. Дар мулоқот намояндагони Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон иштирок доштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Пас аз мулоқот бо иштироки аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти хабарӣ баргузор гардид.

Ба таъкиди муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр, имрӯз дар ҷаласаи навбатии Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал як қатор масъалаҳои муҳим баррасӣ ва қарорҳои ҳамоҳанггардида қабул шуданд.

Роман Скляр

«Мехоҳам таъкид намоям, ки дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал як қатор қарорҳои муҳим қабул гардид. Аз ҷумла, Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси нозир пазируфта шуд. Ин аз мақоми баланди ташкилоти мо гувоҳӣ медиҳад», — тазаккур дод Роман Скляр.

Номбурда иттилоъ дод, ки дар оянда раёсат дар Фонди байналмилалии наҷоти Арал аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон мегузарад. «Мо, раёсатро қабул карда, чораҳо меандешем, то тамоми механизмҳо ва муассисаҳои Фонди байналмилалии наҷоти Арал самаранок фаъолият намоянд. Имрӯз мо, роҳбарони кумитаҳои кишварӣ, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фаъолияти кунунӣ, ки моро муттаҳид месозад, ҳисобот додем. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Қазоқистон ба кори муътадили низоми гидроэнергетикии Тоҷикистон манфиатдор аст, то истеҳсолкунандагони кишоварзии мо ба миқдори зарурӣ об дастрас намоянд. Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи бисёр баланд қарор доранд. Дар тамоми соҳаҳо пешравӣ дида мешавад», — гуфт муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон.

Аннагелди Язмирадов

Муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Аннагелди Язмирадов изҳор дошт, ки «имрӯз бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот баргузор гардид. Мо масъалаҳои ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва ҳамчунин масъалаи истифодаи дарёҳои фаромарзиро, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ истифода мебаранд, баррасӣ намудем. Муҳимияти истифодаи самараноки об барои шукуфоӣ ва пешрафти минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид карда шуд.

Шуҳрат Ғаниев

Мушовири Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ғаниев гуфт, ки «имрӯз аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласа воридшударо баррасӣ намуданд. Фаъолияти назаррас ва пурсамари Кумитаи тадорукоти Фонди байналмилалии наҷоти Арал  таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид. Дар мулоқот ба тавофуқ расидем, ки дар оянда фаъолияти Ташкилоти худро пурзур намоем, то ҳамкории байни давлатҳо боз ҳам самарабахштар гардад. Ҳама масъалаҳо имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шуданд».

Бояд таззакур дод, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал оғоз гардид, ки пагоҳ, 6 июн идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷаласаи 5-уми Машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 5, 2023 21:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд