Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар Душанбе ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ намуд

Июнь 1, 2023 11:42

ДУШАНБЕ, 01.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми миллатҳои Араб-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар шаҳри Душанбе ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ шуруъ намуд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба ин ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки то 2 июн идома мекунад, 15 нафар – 3 дарвозабон ва 12 бозигарро даъват намудааст.

3 июн дастаи Тоҷикистон барои иштирок  дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023, ки аз 6 то 16 июн баргузор мешавад, ба Ҷидда меравад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Либия (6 июн), Арабистони Саудӣ (8 июн) ва Алҷазоир (10 июн) неру месанҷад.

Дар гурӯҳи «В» дастаҳои Марокаш, Комор, Кувайт ва Лубнон иштирок мекунанд. Дар гурӯҳи «С» Миср, Мавритания, Фаластин ва Ироқ мубориза мебаранд.

Бар асоси натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Араб-2023 аз ҳар гурӯҳ ду даста ва инчунин ду тими беҳтарини ҷойи сеюм ба даври плей-офф роҳ ёфта, дар даври чаҳорякниҳоӣ ҷуфтҳоро ташкил медиҳанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023 дар Арабистони Саудӣ:  

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Фирӯз Бозмамадов («Соро компания»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»);

Бозигарон: Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарифов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Рустам Ҳамидов, Шавкат Ҳалимов, Абдуқаюм Умаров, Комрон Алиев (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Кузиев, Собирҷон Гуляков (ҳар ду аз «Амонатбонк»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 1, 2023 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд