ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи дуюми мусобиқа се ҷудочии Тоҷикистон ба финал баромад
ДУШАНБЕ, 03.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Довталабони медалҳои рӯзи дуюми Гран-прии Душанбе-2023 оид ба дзюдо, ки дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудои Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад, муайян гардиданд. Аз рӯи натиҷаҳои рақобатҳои муқаддамотӣ, се ҷудочии Тоҷикистон — Шодмон Ризоев, Сомон Маҳмадбеков (ҳар ду дар вазни то 81 кг байни ҳам) ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг ба финал баромаданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳамин тариқ, дар вазни то 63 кг байни занон барои медали тилло ҷудочии испанӣ Герреро Падилла ва Катарина Кристои хорватӣ мубориза мебаранд. Дар ин вазн барои медалҳои биринҷӣ Амина Белкадии алҷазоирӣ бо Ива Оберани хорватӣ ва Лубяна Пиовесана бо Магдалена Крсакова (ҳар ду аз Австрия) рақобат менамояд.
Дар вазни то 70 кг байни занон Марго Пинои фаронсавӣ ва Катажина Соберайскаяи лаҳистонӣ барои медали тилло қувва меозмоянд. Барои медалҳои биринҷии ин вазн Келли Петерсен Поллард аз Британияи Кабир бо Серафима Москалу аз Руминия ва Кэти Джемайма Йейтс-Браун аз Британияи Кабир бо Лориана Кука аз Косово мубориза мебарад.
Дар вазни то 73 кг байни мардон Беҳрӯз Хоҷазода аз Тоҷикистон ва Маҳмадбек Маҳмадбеков аз дастаи варзишгарони фардии бетараф барои медали тилло сабқат менамоянд. Иброҳим Алиев аз Озарбойҷон бо Бенямин Аксус аз Фаронса ва Нурлан Османови озарбойҷонӣ бо Ҷилберто Кардосо мексикоӣ барои медалҳои биринҷӣ қувва меозмояд.
Ду варзишгари тоҷик — Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг барои медали тилло мубориза мебаранд. Барои медалҳои биринҷии ин вазн Ҷакомо Гамба аз Италия бо Анри Егутидзе аз Португалия, инчунин Иброҳим Кейтаи фаронсавӣ бо Тим Грамкови олмонӣ рақобат менамояд.
Марҳилаи финалӣ соати 17:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Мусобиқаи Гран-прии Душанбе-2023 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе идома дорад. Ин мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо нахустин бор дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






