Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Дарвоз соҳиби мактаби замонавӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 16.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Дарвоз корҳои сохтмонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бомаром идома дорад. Дар ноҳияи Дарвоз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Раиси ноҳия Саидбурҳони Абдураҳмонзода бо рафти корҳои сохтмонии бинои мактаби мазкур аз надик шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Дарвоз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳу нави муосир, дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
Дар муассисаи мазкур қисми зиёди корҳо ба анҷом расида, мутахассисон ба васлу насби таҷҳизот ва дигар аёниятҳои дарсӣ дар синфхонаҳои фаннӣ саргарми кор мебошанд.
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз бунёди иншооти дигари таъйиноти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои фарҳангӣ, таълимӣ, тиббӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар корҳои созандагию ободонӣ бо маром идома дорад.
Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо вазъи корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз шинос шуд. Ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани иншооти ҷашнӣ дастуру тавсияҳои муфид дода шуд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд






