МАРҲАБО, ТОБИСТОН! Чӣ бояд кард, то истироҳати кӯдакону наврасон хотирмону босамар гузарад?
ДУШАНБЕ, 06.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023» вазифадор гардидааст, ки роҳбарии методии ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасонро таъмин карда, барои самаранок гузаронидани чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва таъминоти истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ чораҷӯйӣ намояд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мақсади огоҳии бештар дар ин хусус бо масъулини Вазорати маориф ва илми мамлакат суҳбат намуд.
Масъулин иброз доштанд, ки бо мақсади иҷрои қарори зикршуда Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои дахлдор андешида, дар ин маврид як қатор корҳоро ба анҷом расонд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар робита ба ин 30 ва 31 майи соли равон дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Файзи истиқлол»-и Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм, воқеъ дар ноҳияи Варзоб бо ҳузури намояндагон тибқи муқаррароти қарори мазкур аз вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, корҳои дохилӣ, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Хадамоти алоқа, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо ҷалби масъулини истироҳатгоҳҳои тобистона аз ҳисоби раёсату шуъбаҳои маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тайи ду рӯз омӯзиш-машварат баргузор гардид.
Иштирокдорони омўзиш -машварат давоми ду рӯз ба таври назариявӣ ва ҳам амалӣ аз ҷониби намояндагони масъули вазорату идораҳо тартибу роҳҳои ташкили истироҳатгоҳҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти ваколатдори назоратии давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтори назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини бехатарии истироҳаткунандагон, таъминот бо мутахассисони соҳаи тиббу солимгардонӣ, таъминот бо мураббияҳо, дастуру маводи таълимию тарбиявӣ, барномаҳои ташкилу баргузории истироҳатгоҳҳо ва тавсияҳои методӣ доир ба баргузории истироҳатгоҳҳоро пайдо намуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии таълимиву методӣ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм ба иштирокчиёни омӯзиш-машварат дар масъалаҳои муҳими роҳбарии методии ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, таҳияи нақшаву барномаҳои корӣ, ҳуҷҷатнигорӣ тавсияҳои методӣ расонида шуд.
Ба иштирокчиёни омўзиш-машварат «Дастур оид ба фаъолияти истироҳатгоҳи наздимактабӣ «Марҳабо, тобистон!», ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм таҳия ва пешниҳод шудааст, ба таври айёнӣ ва тавсиявӣ муаррифӣ шуд.
Ногуфта намонад, ки бо мақсади истироҳати кӯдакону наврасон дар таътили тобистона дар ҷумҳурӣ 34 адад истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ фаъолият мекунанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ, варзишиву солимгардонӣ, фароғатию таълимӣ таъсис дода мешаванд, ки дар онҳо низ кӯдакону наврасони синну соли гуногун дар таътили тобистона метавонанд ҷалб шаванд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар ҷумҳурӣ 84 адад муассисаи таҳсилоти иловагӣ кору фаолият мекунанд, ки дар онҳо 1696 адад маҳфилҳои гуногун, аз қабили, варзиш, шашакаю шоҳмот, дўзандагӣ, бофандагӣ, расмкашӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба монанди забонҳои англисӣ, русӣ ва хитоӣ фаъолият доранд.
Инчунин дар давраи тобистон кӯдакону наврасон, ки вақти зиёд доранд, метавонанд асарҳои бадеиву эстетикро мутолиа намоянд.
Бояд гуфт, ки чӣ тавр ва ба чӣ машғул намудани кӯдакону наврасон дар давраи таътили тобистона масъулияти падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда низ ба шумор меравад.
Волидайн бояд пеш аз саршавии таътили тобистона тамоми имкониятҳои мавҷударо ба нақша гирифта, истироҳати тобистонаи фарзандонро таъмин намуда, барои хушу гуворо ва самаранок гузаронидани он мусоидат намоянд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд»
ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Сарвари давлат бахшида ба Рӯзи ҷавонон
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе Шоу – барномаи консертии идона баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии аъзои Комиссияи идоракунии лоиҳаи JDS иштирок намуд
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсӣ мебошанд
Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи пленарии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Дар Рашт ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ бо хонандагон ва сокинон вохӯриҳо гузаронида шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?
ОГОҲӢ! Аз 21 то 25 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ карда мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!






