Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи роҳиоҳанчиёни Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи роҳиоҳанчиён, ки ҳамасола якшанбеи якуми моҳи август гузаронида мешавад, 4 август дар Душанбе бо иштироки роҳбарияти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ медиҳад, ки роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тамоми кормандони роҳи оҳанро бо иди касбӣ табрик намуда, аз муваффақияту дастовардҳои соҳаи нақлиёти роҳи оҳани мамлакат ёдовар шуданд.
Таъкид гардид, ки роҳи оҳани Тоҷикистон бо шарофати ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат, хусусан дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёди соҳавӣ ноил гардида, дар татбиқи нақшаву барномаҳои давлатӣ ва ҳадафҳои стратегии мамлакат нақши назарррас мегузорад.
Гуфта шуд, ки бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст гардидани фаъолияти молиявию хоҷагидории роҳи оҳан аз иқдому ташаббусҳо ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Баъд аз кушодани гузаргоҳҳои байнисарҳадӣ, пешниҳоди сабукиҳову аз байн бардоштани нишондиҳандаҳои баландкунанда ва иҷозати саворшавии мусофирон аз қаламрави давлати ҳамсоя ҳаҷми рӯзафзуни зиёд шудани боркашониву мусофирбарӣ таъмин гардида, тамоми дастоварду пешрафти мунтазами соҳа аз меҳнати шоиста, натиҷаи заҳмати шабонарӯзии ҳар як корманди роҳи оҳан мебошад.
Роҳиоҳанчиёни мамлакат изҳор доштанд, ки илҳомбахши ҳар кадоми онҳо дар фаъолияти корӣ дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки онҳоро пайваста ба фатҳи қуллаҳои нави меҳнатӣ ҳидоят менамоянд.
«Дар партави ин дастгирию ғамхориҳо роҳиоҳанчиёнро зарур аст, ки новобаста аз баъзе мушкилот нақшаҳои истеҳсолиро сарбаландона иҷро карда, дар амалисозии мақсадҳои наҷибу олӣ ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ҳарчӣ бештар саҳм гузоранд»,- таъкид шуд дар ҳамоиши тантанавӣ.
Ба муносибати иди касбии кормандони соҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон дар идомаи ҳамоиши тантанавӣ ба як зумра собиқадорони соҳа ва роҳиоҳанчиёни фаъоли мамлакат сипосномаву ифтихорномаҳои соҳавӣ ва мукофоти пулию молӣ тақдим гардид.
АКС: КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

















Дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шудааст
ҶДММ «Ганҷи Панҷ» дар як сол имкони қабул ва коркарди то 20 ҳазор тонна пахтаро дорад
Ҳавопаймои нави «Boeing 737-8 MAX»-и «Сомон Эйр» дар Душанбе муаррифӣ гардид
Дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 3 мегаватт бунёд карда мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб дар 204,7 гектар ҷангалзори нав бунёд гардид
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар шаҳри Конибодом кишти такрорӣ идома дорад
Ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон бо намояндагони ширкати «Рокс Групп»-и Ветнам баррасӣ гардид
Оғози хизматрасонии байналмилалии пардохтии Apple Pay дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсоли неруи барқ бунёд карда мешавад
Дар минтақаҳои ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ ва Зарафшон қариб 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ об шудааст
Дар доираи татбиқи 6 созишномаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад






