Дар Дарвоз Осорхонаи бузи кӯҳии Морхур ва мағозаи армуғонҳои миллӣ ифтитоҳ гардид

Август 16, 2023 16:16

ДУШАНБЕ, 16.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи  сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон дар ноҳияи баландкӯҳи Дарвоз Осорхонаи бузи кӯҳии Морхур ва мағозаи армуғонҳои миллӣ ифтитоҳ гардид.  Дар ин хусус АМИТ  «Ховар»  бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Ҳадафи бунёди Осорхонаи бузи кӯҳии Морхур- шинос намудани аҳолии Тоҷикистон ва сайёҳони хориҷӣ бо зебоиҳои табиати нотакрори Тоҷикистон ва муаррифии ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, аз ҷумла бузи кӯҳии Морхур, бабри барфӣ ва гӯсфанди Марко Поло (архари помирӣ) мебошад.

Осорхонаи бузи кӯҳии Морхур ва мағозаи армуғонҳои миллӣ дар ноҳияи Дарвоз бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид.

Масоҳати умумии бинои осорхона 150 метри мураббаъро ташкил дода, дар масоҳати 25 метри мураббаъ амсилаи ҳайвоноту парандаҳои нодир насб ва бо нақшу нигор ороиш дода шудааст. Масоҳати  мағоза 75 метри   мураббаъ ва роҳравҳо аз тахтасангҳои сафолӣ ва мармар 50 метри мураббаъро ташкил медиҳанд.

Осорхона дар тарғибу ташвиқи олами ҳайвоноти нодири Тоҷикистон дар байни сайёҳони хориҷӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ нақши муассир  мегузорад.

    АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 16, 2023 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Кӯшониён муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд
Дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон дар Улан-Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд
Дар Хоруғ 72 лоиҳаи сармоягузорӣ ба беҳтарсозии инфрасохтори маҳаллаҳо равона мешавад
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Созмони ҳамкории Шанхай соҳиби ҷоиза шуд
Имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон баргузор мегарданд
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фархор бинои замонавии муассисаи таълимӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Челонзори ноҳияи Ёвон маркази саломатии дуошёна бунёд мегардад
Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дастовардҳои шаҳр муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик доир гардид