Дар Мурғоб Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб дар майдони 10 гектар Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ бо мақсади табобату офиятбахшии ҳайвонҳои нодири ноҳия, аз ҷумла бабри барфӣ сохта шудааст. Дар Маркази мазкур ҳайвоноти нодир, ки дар ҳолатҳои гуногун захм бардошта ё ба бемориҳои дигар дучор шудаанд, табобат шуда, сипас ба табиат сар дода мешаванд.
Яке аз ҳадафҳои асосии бунёди Маркази мазкур наслгирӣ ва зиёд намудани теъдоди бабри барфӣ дар табиати кӯҳӣ, пеш бурдани корҳои омӯзишӣ ва илмӣ бо ҷалби олимони дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.
Бо мақсади нигоҳдории муваққатии ҳайвоноти нодир ва бо хӯрок таъмин намудани онҳо дар Маркази офиятбахшӣ аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ишкошим сохтмон ва бунёди «Хоҷагии ёрирасон» дар назар дошта шудааст, ки дар он ҳайвоноти хурд, ба монанди харгӯш парвариш мешаванд. Чунин шароит имкон медиҳад, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ бо чунин Маркази офиятбахшие, ки дар он ҳайвоноти нодир ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд, шинос шаванд.
Масоҳати умумии Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ дар ноҳияи Мурғоб 10 гектарро ташкил дода, дар доираи ин иншооти ҷашнӣ корҳои муайян ба анҷом расидаанд. Аз ҷумла, масоҳати фоиданок барои сайри бабри барфӣ аз 1100 метри мураббаъ, масоҳати фоиданок барои шикори бабри барфӣ 7 гектар ё ин ки 70000 метри мураббаъ, роҳравҳо аз тахтасангҳо 80 метри мураббаъ, чарағокҳои баландпоя барои равшанидиҳӣ, таваққуфгоҳ барои мошинҳо, камераҳои назоратӣ, панҷарабандии атроф 6900 метри мураббаъ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ иборат аст.
Ноҳияи Мурғоб табиату иқлими хос ва ҳайвоноти нодире, чун бабри барфӣ ва гӯсфанди Марко Поло (архари помирӣ), дигар ҳайвоноти нодир дорад, ки муаррифи Тоҷикистон мебошанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон













Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар Миср ду китоб оид ба Тоҷикистон ба забони арабӣ ба нашр расид
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими Русия вохӯрӣ намуд






