ФУТЗАЛ. «Истиқлол» ва «Соро компания» дар бозии марказии Суперлигаи Тоҷикистон-2023 ҳисобро мусовӣ намуданд

Август 30, 2023 16:52

ДУШАНБЕ,  30.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври нуҳуми мусобиқоти Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал баргузор шуданд, ки дар бозии марказии давр довталабони асосӣ барои медали тилло- «Истиқлол» ва «Соро компания» бо ҳам рақобат намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозии «Истиқлол» ва «Соро компания» бо ҳисоби 3:3 ба анҷом расид.

Дар ду рақобати дигари даври нуҳум «Амонатбонк» бар «Самандар» (10:3) ва «Истаравшан» бар «Пойтахт» (5:1) пирӯз шуданд.

Як давр пеш аз анҷоми марҳилаи дуюми Суперлигаи Тоҷикистон-2023 «Истиқлол» бо касби 23 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. «Соро компания» дар зинаи дуюм (20 хол) ҷойгир аст. Дебютанти чемпионат «Амонатбонк» (18 хол) дар ҷойи сеюм мавқеъ гирифтааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Август 30, 2023 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Афғонистонро мағлуб кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид
Мустафо, Абдулло ва Шарифҷон шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Муъминободро соҳиб шуданд
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад