Ёсин Бобокалонов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасон гардид

Август 25, 2023 11:09

ДУШАНБЕ, 25.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  24 август дар Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини  ҷудо байни наврасон рақобатҳои вазнҳои -60 кг, -66 кг байни мардҳо ва -48 кг, -52 кг байни духтарон баргузор шуданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Тоҷикистонро дар ин рӯзи мусобиқа Мадина Қурбонзода дар вазни то 48 кг, Ёсин Бобокалонов дар вазни то 60 кг, Муҳаммадин Лоиқов ва Ворис Назаров  дар вазни то 66 кг  муаррифӣ намуданд. Аз байни  онҳо  ҷудочии наврас Ёсин Бобокалонов  дар  вазни то 60 кг маҳорати воло нишон дода, бо мағлуб кардани ҳарифон то ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Ёсин Бобокалонов дар даври аввал озод буда, дар даврҳои баъдӣ бо мағлуб намудани Лай Мин-Янг аз Тайпеи Чин, Бруно Нобрега аз Бразилия, Данюло Кравченко аз Украина ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт ва аз Ижак Ашпиз аз Исроил мағлуб шуда, барои медали биринҷӣ бо Тудор Мосой аз Руминия гӯштин гирифта, бо як имтиёзи вазарӣ музаффарият ба даст овард.

Ғолибони вазни -60 кг: 

1.Ижак Ашпиз (Исроил)
2. Муҳаммад Мусоев (Озарбойҷон)
3.Ёсин Бобокалонов (Тоҷикистон)
3. Симас Поликевисиус (Латвия)

Хотиррасон мешавем, ки имрӯз дар Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини  ҷудо байни наврасон дар шаҳри Загреби Хорватия рақобатҳо дар вазнҳои -73 кг, -81 кг -90 кг +90 кг байни мардҳо ва -63 кг, -70 кг +70 кг байни духтарон доир мешаванд. Тоҷикистонро Аминҷон Абдуҷалилзода  дар вазни то 73 кг намояндагӣ менамояд.

                                                                                        АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Август 25, 2023 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд