Бо татбиқи «Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон» 750 ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд

Сентябрь 26, 2023 11:45

ДУШАНБЕ, 26.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон» то соли 2027 интизор меравад, ки 750 ҳазор нафар аҳолии ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон бо оби ошомидании баландсифат таъмин шаванд. Чунин гуфта шуд дар маросими ифтитоҳи марҳилаи якуми «Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон», ки бо иштироки роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Бохтар баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки «Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон» бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гардонида мешавад. Ҳадафи асосии лоиҳа таъмини аҳолии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Кӯшониёни вилояти Хатлон бо оби нӯшокии босифат, ҳамзамон такмил ва рушди сохтори идоракунии бахши таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар ҷумҳурӣ мебошад.

Иштирокчиёни чорабинӣ инчунин бо ҷараёни корҳои сохтмони хатти магистралии оби нӯшокии Вахш ва пойгоҳи обтозакунӣ, ки дар доираи лоиҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот амалӣ мегарданд, шинос шуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 26, 2023 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид