Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ табиби халқиро бо унвони «Доктори фахрии ДДХ» сарфароз гардонид
ХОРУҒ, 28.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шурои олимони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба ҷарроҳи дараҷаи олӣ ва табиби халқӣ Ширинбек Давлатмамадов дар ҳузури олимон ва шогирдону ҳамкасбон унвони «Доктори фахрии ДДХ» -ро тақдим намуд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан иттилоъ додааст.
Ин табиби шинохтаи ҷумҳурӣ, ки 84 сол умр дорад, бештар аз 200 мақолаву асарҳои илмӣ таълиф намудааст. Вай дар муддати тӯлонӣ аз кӯҳсорони ноҳияи Ишкошим намунаҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахшро ҷамъоварӣ намуда, мутобиқи меъёрҳои илми муосир коркард намуд ва банду басту баҳрабардорӣ аз гиёҳҳоро ба роҳ монд. Шурои олимони донишгоҳи Хоруғ мақолаву асарҳои илмиашро, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он ба нашр расидаанд, мутолиаву баррасӣ намуда, ӯро ба гирифтани ин унвон сазовор донист.
Давоми 60 соли фаъолият мавсуф дар соҳаи тиб бо чандин мукофоту ҷоизаҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шудааст. Соли 2002 унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2013 ордени Гиппократи Академияи илмҳои халқии Федератсияи Русияро гирифт. Соли 2021 яке аз се барандаи Ҷоизаи байналмилалии Ҷонҷу барои пешбурди мероси фарҳангии ғайримоддӣ шуд, ки ҳамасола дар давлати Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад. Ҳоло раҳбарии созмони ҷамъиятии гулу гиёҳҳоро низ бар дӯш дорад.
Аз назари Ширинбек Давлатмамадов гиёҳдармонӣ яке аз беҳтарин усулҳои табобат буда, бояд дар асоси меъёрҳои илми муосир ва ташхиси дақиқ ба роҳ монда шавад. Ба муолиҷаи ниёзмандон танҳо пас пешниҳоди санадҳои ташхиси озмоишгоҳ шуруъ намудан зарур аст. Дар дорухонаи ин табиби ҳозиқ дору ва давоҳои гуногун, ки аз растаниҳои шифобахш омода шудаанд, дар шакли хока, моеъ ва табиӣ мавҷуд мебошанд. Ду фарзандаш низ касби падарро интихоб намудаанд.
Дар ҳудуди Бадахшон бештар аз 200 номгӯй гулу гиёҳ ва растаниҳои шифобахше мерӯянд, ки ҳанӯз на ҳамаашон мавриди таҳқиқ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтаанд. Табиби халқӣ Ширинбек Давлатмамадов ва шогирдонаш тасмим гирифтаанд, ки ҳарчӣ бештар ин гулу гиёҳҳоро кашф, таҳқиқ ва коркард намуда, дар табобати беморон аз онҳо ба таври васеъ истифода баранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст






