«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид

Сентябрь 7, 2023 11:21

ДУШАНБЕ, 07.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар чорабинӣ  роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар вазорату идораҳо, ғолибону иштирокчиёни фаъоли даври шаҳрӣ ва омӯзгорону волидайни иштирокчиён иштирок намуданд.

Зимни ҷамъомад муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои илму маориф ва фарҳангро, ки рукни муҳими рушду инкишофи ҷомеа маҳсуб мешаванд, дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, барои пешрафти ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе» аз 28 феврали соли 2023  14-22 август дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорон, ходимони илм, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар сатҳи баланд ташкил шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз чор ноҳияи пойтахт 411 нафар довталабон, аз ҷумла 230 нафар занон иштирок намуданд.

Дар озмуни мазкур аз шумораи 411 нафар иштирокчӣ 220 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 101 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аспиранту докторант ва 90 нафар омӯзгорон, кормандон, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун буданд. Онҳо дар доираи талаботи муқарраргардидаи озмун вобаста ба аз бар намудани осори назмию насрии адибони классик ва муосири тоҷик, осори шифоҳии халқи тоҷик, адабиёти бачагона, осори адибони ҷаҳон ва истеъдоди эҷодӣ дар бахши назму наср ва дигар мавзуъҳои вобаста ба васфи Ватан, дӯстиву бародарӣ, хайру эҳсонкорӣ, ишқи поки инсонӣ, тараннуми ваҳдату сулҳу субот ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушду ободии Ватан маҳорат ва малакаи худро нишон доданд.

Дар натиҷаи холгузории ҳайати ҳакамон 120 нафар иштирокчиён аз рӯи номинатсияҳо бо ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 20 нафар сазовори ҷойи якум, 40 нафар- ҷойи дуюм ва 60 нафар- ҷойи сеюм гардида, ба ғолибони ҷойҳои якум 20000 сомонӣ, ҷойҳои дувум 15000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 10000 сомонӣ мукофотпулӣ ва диплом тақдим шуд.

Ҳамзамон 33 нафар дигар довталабон бинобар холҳои баландро сазовор гардидан бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Дар охир баҳри болидахотирии иштирокчиён ва меҳмонон барномаи фарҳангии лабрез аз тараннуми Тоҷикистон, ишқу муҳаббат ва садоқат ба Ватан пешкаш гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Сентябрь 7, 2023 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ ва роҳпаймоӣ доир шуд
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Пагоҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҳпаймоӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки сардабирони 35 нашрияи даврӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027» тасдиқ гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ дар озмун ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд
ОЗМУНҲОИ МО-ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳар сол бошукуҳтару ҷолибтару мутантан аз соли пешин мегузарад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар ҷамъбасти озмун бисту чор ҷойи ифтихорӣ насиби намояндагони вилояти Хатлон шуд
Охири моҳи ноябр дар Душанбе даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» баргузор мегардад
Барандаи «Шоҳҷоиза»-и «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шукрона Тоҳирӣ: «Мехоҳам бо арзи сипосу миннатдорӣ дастоварди худро ба Президенти Тоҷикистон эҳдо намоям»
Шукрона Тоҳирӣ соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шуд
Дар ин лаҳзаҳо ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муайян мегарданд