Футболбозони «Истиқлол» бо пироҳанҳои сурх ва дастаи «Ал-Дуҳайл» бо либосҳои хокистарранг бозӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 18.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 сентябр ҷаласаи пеш аз бозӣ оид ба масъалаҳои ташкилии вохӯрии даври аввали Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 оид ба футбол байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, намояндагони дастаҳои «Истиқлол» ва «Ал-Дуҳайл» ва кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дигар масъулин масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохӯрии дарпешистода баррасӣ шуданд.
Мизбонони рақобат -футболбозони “Истиқлол” бо пироҳанҳои сурх ва дастаи меҳмон бо либосҳои хокистарранг ба варзишгоҳ мебароянд.
Вохӯрии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал-Дуҳайл”- и Қатар фардо, 19 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:00.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






