Футзалбозони тоҷик ҷамъомади тамринии ниҳоиро пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов ҷамъомади ниҳоии тамринии худро қабл аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 7 то 11 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, оғоз намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷамъомади ниҳоии даста 25 сентябр дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон оғоз шуд. Пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Тошканд меравад ва дар онҷо бо дастаи футзали ВМВ – чемпиони Узбекистон ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо 2 ва 3 октябр барпо мегарданд.
Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» баромад менамояд. Ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (7 октябр), Фаластин (9 октябр) ва Мянмар (11 октябр) мебошанд. Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Ғолибони ҳашт гурӯҳ ва ҳамчунин ҳафт дастае, ки дар гурӯҳҳои худ бо нишондиҳандаҳои беҳтарин ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 то 26 апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Фирӯз Бозмамадов («Соро компания»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»);
Бозигарон: Комрон Алиев, Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов (ҳама аз «Истиқлол»), Дилшод Саломов, Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Муҳаммадҷон Шарифов, Некрӯз Алимаҳмадов, Самандар Ризомов, Бахтиёр Солиев (ҳама аз «Соро компания»), Умед Кузиев («Амонатбонк»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024
Гурӯҳи «E»
ТОҶИКИСТОН
Мянмар
Фаластин
Ҳиндустон
Даври 1
7 октябр (шанбе)
16:00 –Мянмар –Фаластин
19:00 –ТОҶИКИСТОН –Ҳиндустон
Даври 2
9 октябр (душанбе)
16:00 –Ҳиндустон –Мянмар
19:00 –Фаластин –ТОҶИКИСТОН
Даври 3
11 октябр (чоршанбе)
16:00 –Фаластин –Ҳиндустон
19:00 –ТОҶИКИСТОН –Мянмар
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






