«ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ». Дар Хатлон ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ маҷмуаи мақолаҳо ба табъ расид
ДУШАНБЕ, 26.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Ифтихори ватандорӣ» маҷмуаи мақолаҳо таҳия ва интишор гардид. Он ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони вилояти Хатлон барои солҳои 2023-2027» нашр гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Маҷмуаи мазкур бо ташаббуси рӯзномаи «Хатлон» интишор гардида, дар он силсилаи мақолаҳои ходимони рӯзнома, инчунин иштирокдорони озмуни эҷодии «Ифтихори ватандорӣ», ки ба мавзуи Ватану меҳанпарастӣ, истиқлол, худогоҳӣ ва ғурури миллӣ, нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бахшида шудаанд, ҷой гирифтаанд.
Инъикоси густурдаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, раванди корҳои ободонӣ ва натиҷаи дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои муҳофизони Ватан, масъулияти муҳофизати марзу буми мамлакат, саҳми соҳибкорон дар рушди вилоят ва ташвиқи ташаббусҳои бунёдкорона дар меҳвари мақолаҳои маҷмуа қарор доранд.
Нашри маҷмуа ба қувват бахшидан ба ҳисси ватанпарастии ҷавонон, ҳифзи неъматҳои муқаддаси истиқлол, сулҳу ваҳдат, иттифоқу сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳувияти миллӣ ва пос доштани тамаддуни куҳанбунёд мусоидат менамояд.
Маҷмуаи «Ифтихори ватандорӣ» дар нашриёти «Матбаа»-и шаҳри Бохтар бо сифати баланд ба нашр расида, барои омӯзгорону маърузачиён, хонандагону донишҷӯён, кормандони ниҳодҳои иҷтимоию идеологӣ ва доираи васеи алоқамандони мутолиа пешбинӣ гардидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вахш муассисаҳои таълимию томактабӣ ва варзишгоҳи марказӣ бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе Озмоишгоҳи нави ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кӯлоб сохтмони филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф идома дорад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Қариб 3 километр роҳи деҳаи Шодмон яки шаҳри Турсунзода мумфарш карда шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд
Рӯзи фарҳанги шаҳри Нораку ноҳияи Ёвон бо намоиши молу маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак барои кӯдакон муассисаҳои томактабӣ сохта мешаванд






