Намояндаи Тоҷикистон давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба Конфронси Душанбе даъват намуд

Сентябрь 23, 2023 13:14

ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тӯли давраи фаъолият ҳамчун механизми муассир ва умедбахши ҳамкории гуногунҷанба, ки ба таҳкими тадбирҳои эътимод, ҳамсоягии нек ва муколамаи созанда барои ҳалли мушкилоти замони муосир хизмат менамояд, шинохта шудааст.

Вазир ҳамчунин бо таъкид ба аҳаммияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аз давлатҳои аъзои МҲТБО ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки моҳи июни соли 2024 дар Душанбе доир мегардад, даъват ба амал овард.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 23, 2023 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд