Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳибкорону сармоягузорони бонуфузи давлатҳои хориҷиро барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар пойтахт даъват намуданд

Сентябрь 29, 2023 15:40

ДУШАНБЕ, 29.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Мо дар ин Форум ҳавасмандиамонро дар самти амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки шаҳри Душанбе -соҳаҳои маорифу тандурстӣ, саноату энергетика, роҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва дигар самтҳо, ки ба беҳсозии инфрасохтори шаҳр, инчунин таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт равона гардидаанд, изҳор медорем». Чунин иброз доштанд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023», ки имрӯз дар Кохи Истиқлоли Душанбе бо ҳузури ҳайатҳои баландпояи давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва доираҳои бонуфузи сармоягузорону соҳибкорони ватанию хориҷӣ оғоз ёфт.

Рустами Эмомалӣ тамоми иштирокдорони форуми байналмилалиро ба пойтахти Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуданд, ки муаррифии имконияти сармоягузории Тоҷикистон, мубодилаи афкор доир ба таҷрибаи пешқадами шарикон, густариши равобити тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, таҳкими раванди ҷалби сармоя ва ҳамгироии мамлакати мо бо иқтисодиёти ҷаҳон аз ҳадафҳои асосии Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе- инвест 2023» мебошад.

Таъкид шуд, ки тавассути кӯшишҳои дастҷамона, ҳамкории мутақобила ва ҳамгироии давлатҳо мо метавонем дар рушди муштараки устувор саҳм гузорем.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамзамон баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023»-ро иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки он самараҳои нек ба бор хоҳад овард, зеро чунин чорабиниҳо барои таҳия ва андешидани тадбирҳои муштарак дар самти рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ имконияти мусоид фароҳам меорад.

Гуфта шуд, ки пайваста таҳким бахшидани муносибатҳо ва ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳо ба ҳалли масъалаҳои мавҷуда, таъмини рушди устувор ва мутавозинии давлатҳои мо мусоидат менамояд. Шарикии васеи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, дастгирии ҳамдигар ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки мутақобилан судманд, таъмини тиҷорати мунтазам, сармоя, хизматрасонӣ ва технологияҳои нав бояд аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ боқӣ монад. Дар ин равнад ташаккул додан ва таъмини рушди иқтисоди «сабз», иқтисоди рақамӣ, низмои ягонаи нақлиётӣ, рушди долонҳои нақлиётӣ ва истифодаи самараноки иқтидори транзитии давлатҳо барои ҳамаи ҷонибҳо аҳамияти хосса дорад.

Аз ин рӯ, Раиси шаҳри Душанбе таъкид доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, вусъати иқтидори содиротӣ ва беҳбуд бахшидан ба вазъи бозори меҳнат ислоҳоти иқтисодӣ муваффақона амалӣ мегардад.

«Дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои беҳтар намудани суръати рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт ва дар маҷмуъ ба пешравии иқтисоди миллӣ мусоидат намуд. Ин аст, ки дар 20 соли охир ба давлати мо беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб гардидааст. Дар Тоҷикистон саноатикунонии босуръат яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ эълон гардидааст. Беш аз се ҳазор корхонаҳои хурду бузурги истеҳсоли саноатӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2000 –ум 31 фоиз афзудааст», -иброз доштанд Раиси шаҳри Душанбе.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон аз мамлакати воридкунанда ба давлати содироткунанда табдил гардида, дар муддати кӯтоҳ молу маҳсулоти содиротӣ ба 450 номгӯй расидааст.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба рушди соҳаи саноат нақшаву барномаҳо қабул намуда, корҳо тибқи онҳо бомаром идома доранд. Бо дарназардошти тадриҷан ҷорӣ намудани иқтисодиёти «сабз» барои Тоҷикистон густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар заминаи иқтидорҳои энергетикӣ самти муҳим маҳсуб мешавад.

«Итминон дорам, ки баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе –инвест 2023» ба рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ мусоидат намуда, дар соҳаю бахшҳои мухталиф санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд», -таъкид намуданд Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва доираҳои бонуфузи соҳибкорону сармоягузорони давлатҳои хориҷиро даъват намуданд, ки дар рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе бо истифода аз имконияту фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ саҳми муносиб гузоранд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2023 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор шуд
Дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Пагоҳ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои идона баргузор мегарданд
Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе барои намояндагони соҳаи сайёҳӣ, ВАО ва блогерони ҷазираи Киши Эрон муаррифӣ карда шуданд
Дар Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Майдони Истиқлоли пойтахт тантанаи идона доир карда мешавад
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе рамзи баҳору Наврӯз — табақи суманак гузошта шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо рафти сохтмони иншоот дар пойтахт шинос шуданд
Донишҷӯёни муассисаҳои олӣ толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-ро тамошо намуданд
Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинону меҳмонони Душанбе муждаи баҳор меорад