Тоҷикистон ва Швейтсария самтҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорию сармоягузориро баррасӣ намуданд

Сентябрь 8, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 08.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр дар шаҳри Тсюрих мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Директори Палатаи муштараки савдои Конфедератсияи Швейтсария оид ба минтақаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ Дорит Саллис баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Зимни мулоқот ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария дар самтҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорию сармоягузорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария 9 декабри соли 1992 барқарор шуданд. Соли 2022 ба истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария 30 сол пур шуд.

Ба ин муносибат 12 декабри соли 2022  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти  Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Инятсио Кассис барқияи шодбошӣ ирсол намуданд.

«Тоҷикистон Швейтсарияро яке аз шарикони боэътимоди худ дар самти Аврупо дониста, ба ояндаи муносибатҳои шарикии ду давлат, ки дар марҳилаи рушди босубот қарор гирифтаанд, назари нек дорад», — таъкид гардид дар барқияи шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд тазаккур дод, ки пояи қарордодиву ҳуқуқии ду мамлакат дар марҳилаи ташаккул қарор дошта, 13 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравиро дар бар мегирад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Сентябрь 8, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии математика соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Дар Хоруғ 72 лоиҳаи сармоягузорӣ ба беҳтарсозии инфрасохтори маҳаллаҳо равона мешавад
Дар ноҳияи Нуробод намоиши сайёри «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фархор бинои замонавии муассисаи таълимӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Челонзори ноҳияи Ёвон маркази саломатии дуошёна бунёд мегардад
Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дастовардҳои шаҳр муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик доир гардид
«МӮҚАЛАМЕ, КИ ТАЪРИХРО ТАҶАССУМ НАМУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт
Дар пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хуҷанд, Левакант ва ноҳияи Темурмалик доир мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фархор мумфаршкунии 12 километр роҳ оғоз гардид