Дар Душанбе дар мавзуи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди СҲШ» конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди Созмони Ҳамкории Шанхай» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.
Ҳамоиши байналмилалӣ ба ҷашни миллӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мешавад, бахшида шуда, аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Иштирокчиёни конференсияи байналмилалӣ ба фаъолияти чандинсолаи бефосилаи Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди Созмони Ҳамкории Шанхай, табдили он ба созмони беназири байналмилалии фаромиллии намуди нав, ки ба ҷузъи ҷудонашавандаи раванди сиёсии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, баҳои баланд доданд. Иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз асосгузорони Созмони Ҳамкории Шанхай дар раванди ташаккули модели муосири муносибатҳои байнидавлатӣ дар минтақа, ки ба чолишҳо ва таҳдидҳои мавҷуда ва ба вуҷудоянда ҷавобгӯ аст, инчунин дар таҳкими амният ва суботи минтақавӣ саҳми босазо гузоштаанд.
Ташаббусу пешниҳодҳои арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муборизаи оштинопазир бо терроризми байналмилалӣ ва муборизаи муштарак бо хатари нашъамандӣ, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва амиқсозии робитаҳои нақлиётӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангу гуманитарӣ ва таҳкими дипломатияи ҷамъиятӣ ба ҳамоҳангсозии манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва шарикон оид ба ташкилӣ бо манфиатҳои рушди умумии устувори иҷтимоию иқтисодӣ дар фазои Созмони Ҳамкории Шанхай мусоидат менамоянд.


Иштирокчиёни конференсияи байналмилалӣ сарнавишти тасмимҳои таърихиеро, ки дар натиҷаи ҷаласаҳои қабулшудаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2008, 2014 ва 2021 дар шаҳри Душанбе самти минбаъдаи инкишофи пешқадами Созмони Ҳамкории Шанхайро муайян намуданд, таъкид намуданд. Ҳамзамон аҳамият ва арзиши нуқтаи назари консептуалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани самаранокӣ, интихоби тамоюл ва модели рушди дарозмуддати стратегии Созмони Ҳамкории Шанхай дар муҳити доим тағйирёбанда ва ноустувори байналмилалӣ иброз гардид.
Дар баробари ин, иштирокчиёни конференсияи байналмилалӣ бо намоиши китоб ва навори видеоӣ дар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди Созмони Ҳамкории Шанхай шинос шуданд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон










Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми Созмони ҳамкории Шанхай оид ба рушди устувор иштирок намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»






