Дар шаҳри Норак гурӯҳи корӣ бо аҳолии деҳот оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15- и деҳаи Чал Чали Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф, ҷавонон, занон, ва мудирони шуъбаи бахшҳои мақомоти иҷроияи шаҳр оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, пешгирӣ ва роҳ надодан ба фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, таъмини волоияти қонун, сари вақт ошкор намудани ҷиноятҳо, пешгирии ҷинояткорӣ ва мустаҳкам намудани алоқа бо аҳолӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Норак хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ иброз шуд, ки вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди калон дорад, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст.
Ҷиҳати пешгирии ин зуҳуроти номатлуб соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда, дар Осиёи Марказӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризмро барои солҳои 2016-2020» қабул намуд.
Ин стратегия ҳамчун санади дорои хусусияти барномавӣ мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.
Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷӯи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд.
Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмуии пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд.
Ҳамчунин доир ба пешгирии ҷинояткорӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ,тақлид ба фарҳанги бегона ва ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар изҳори назар гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Норак








Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Кормандони Суди конститутсионии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода оид ба шарҳи роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Дар Палатаи ҳисоб оид ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд






