ЭТИКАИ КАСБИИ РОНАНДАГОН. Дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» доир ба риояи қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирбарӣ машварат доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ дар пойтахт, пеш аз ҳама риояи фарҳанги миллӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, одоби муошират ва этикаи касбии ронандагон дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1»-и шаҳри Душанбе бо кормандон ва ронандагон машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоти Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар медиҳад.
Дар машварат аз ҷониби гурӯҳи корӣ дастовардҳои соҳаи нақлиёти мусофирбари пойтахт дар солҳои охир иброз гардида, таъкид шуд, ки давоми солҳои охир парки корхонаҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт пурра аз нав ва шумораи зиёди автобусу троллейбусҳои наву муосир харидорӣ шуданд, ки имрӯзҳо ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд. Дар баробари ин ҳама ғамхориҳо кормандони соҳаро мебояд ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизматрасонии сатҳи баланд пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин доир ба арзу шикояти шаҳрвандон нисбат ба фаъолияти баъзе ронандагони нақлиёти мусофирбари пойтахт, ки ҳангоми хизматрасонӣ қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирбариро риоя нанамуда, ҳамзамон бо мусофирон дағалона рафтор менамоянд, изҳори нигаронӣ шуд.
Дар робита ба ин масъулини корхона супориш гирифтанд, ки доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешида, раванди фаъолияти ронандагонро дар хатҳои сайр пайваста зери назорат қарор диҳанд.
Бояд тазакур дод, ки машварати омӯзишӣ тибқи ҷадвали Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳама корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт гузаронида мешавад.
АКС: Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»








Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад






