ФУТБОЛ. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои бозиҳои дӯстонаи моҳи ноябр муайян гардид

Ноябрь 9, 2023 16:14

ДУШАНБЕ, 09.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни  дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол ҳайати бозигаронеро, ки ба бозиҳои дӯстонаи моҳи ноябр ҷалб мешаванд, эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

 Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомил мебошанд.

11 ноябр дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Дубай рафта, онҷо бо ҳамсолони худ аз АМА (14 ноябр) ва Кувайт (17 ноябр) ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Сипас дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои баргузории бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби олимпии Чин ба шаҳри Синтзян парвоз менамояд. Ин бозиҳо 19 ва 22 ноябр доир мешаванд.

Бояд таъкид намуд, ки рақибони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024 23 ноябр дар маросими қуръакашӣ муайян мегарданд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё аз 15 апрел то 3 майи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2023 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид