Губернатори Свердловск дар Тоҷикистон бо НБО-и «Норак» ва ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 29.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 ноябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев дар шаҳри Норак бо НБО-и «Норак» ба номи Турсун Улҷабоев шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Мақсад аз шиносоӣ бо неругоҳ- густариши ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави корӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки 24 октябри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак агрегати №1-и НБО «Норак» ба номи Турсун Улҷабоев баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода дод шуд. Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО-и «Норак» аз моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи татбиқи пурраи лоиҳа тавоноии НБО-и «Норак» 375 МВт ва истеҳсоли миëнаи солонаи неруи барқ 1,4 миллиард кВт-соат зиëд мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки то оғози амалисозии лоиҳа тавоноии неругоҳ ба 3000 МВт ва истеҳсоли миëнаи солонаи неруи барқ 11,2 миллиард кВт-соатро ташкил медод.
Бояд гуфт, ки ба вилояти Хатлон аз ҷониби Федератсияи Русия 635,1 миллион доллари ИМА сармоя ворид гардидааст, ки онро корхонаҳои зерин ташкил медиҳанд:
- ҶСК «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1»- истеҳсоли барқ бо маблағи умумии 624,1 млн доллари ИМА.
- ҶДММ «Магнатэк Тоҷикистон»- истеҳсоли сӯзишворӣ ба маблағи умумии 9,39 млн доллари ИМА.
- ҶДММ «Тента Кӯлоб»- тайёр намудан ва нахи ресандагии пахта ба маблағи умумии 1,6 млн. доллари ИМА.
Ҳамзамон роҳбарияти вилояти Хатлон бо губернатор ба ноҳияи Данғара рафта, бо Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» шинос шуданд. Корхона аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Маълумот дода шуд, ки ин корхонаи бузург дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шуда, бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин муҷаҳҳаз аст.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар корхона то имрӯз 183 ҳазор дона либосҳои гуногун, 37,22 тонна матои рангуборшуда, 50,14 тонна газвор ва 5 миллиону 35 ҳазор метри мураббаъ матои кешбофӣ истеҳсол шудааст.
Маҳсулоти тайёри корхона, аз қабили либос, ришта ва матои кешбофӣ ба Русия, Туркия, Беларус, Полша, Озарбойҷон, Чин ва Покистон содирот мешавад.
Айни замон дар марҳилаи якуми лоиҳа 269 нафар, марҳилаи дуюм 138 нафар, марҳилаи сеюм 262 нафар ва дар марҳилаи чорум 260 нафар ва дар маҷмуъ дар корхона 1400 нафар коргар ба кор ҷалб шудаанд. Дар оянда бо баланд бардоштани иқтидори корхона ва ташкили се баст дар коргоҳҳо шумораи коргарон ба 2000 нафар расонида мешавад.
Бояд гуфт, ки Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Он бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Шветсария ва Олмон муҷаҳҳаз мебошад.
Дар корхона асосан 32 номгӯй маҳсулоти ресандагӣ истеҳсол мешавад. Дар маҷмуъ, иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмааи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он барои 530 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст.
Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини корхона бо ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла пахтаи аълосифат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар асоси нақшаи бунёди маҷмаа беш аз 14,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд, ки дар он барои таъмини корхона кишти пахта ба роҳ монда мешавад.
Ширкати «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Данғара дорои 6000 гектар замин барои кишти пахта ва ду корхонаи пахтатозакунӣ мебошад. Ашёи хом, яъне пахтаи дар ин ноҳияҳо аз ҷониби ширкати «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» истеҳсолшуда барои коркард ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» равона мегардад.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








АНОРПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон 2026 гектар боғи мевадиҳандаи анор мавҷуд аст
Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Вахш кишти пунбадона идома дорад
Дар Москва ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид
Корҳои омодагӣ барои баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома доранд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар самти рақамикунонии иқтисод ва татбиқи зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Душанбе оид ба баргузории Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ нишасти матбуотӣ доир шуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд






