ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. Дар Душанбе ду таҷҳизот барои коркарди лампаҳои симобдор ба истифода дода шуд

Ноябрь 16, 2023 18:23

ДУШАНБЕ, 16.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва безараргардонии лампаҳои симобдори истифодашуда ду даста таҷҳизот барои коркарди лампаҳои симобдорро ба истифода додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат.

Таҷҳизот барои бехатар истифода бурдан ва безараргардонии лампаҳои симобдор, ки дорои унсури хатарнок ва заҳрнок мебошанд, пешбинӣ шудааст.

Таҷҳизоти нав якчанд афзалияти асосӣ доранд, аз ҷумла коркарди бехатар ва самараноки 350 лампаи симобдорро дар як рӯз таъмин намуда, ба муҳити зист партофтани моддаҳои хатарнокро кам менамоянд. Ҳамзамон таҷҳизоти сайёр имкон медиҳанд, ки дар объектҳои мухталиф истифода шаванд, ки ин дастрасии онро зиёд менамояд.

Истифодаи технологияҳои пешрафта партовҳои зарароварро аз байн мебарад ва раванди коркардро муносиб намуда, омили муҳими ноил шудан ба мувозинати экологӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмин намудани аҳолии мамлакат бо неруи барқ ва самаранок истифода бурдани он соли 2009 дар Тоҷикистон марҳилаи гузариш аз лампаҳои тафсон ба лампаҳои каммасраф оғоз гардида буд. Истифодаи лампаҳои каммасраф тадбири замонавӣ ва муфиди истифодаи сарфакоронаи неруи барқ гардид, вале дар баробари ин зарурати таъсиси системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди лампаҳои симобдор ба миён омад, ки метавонад ба саломатии аҳолӣ зарар расонад.

Бо ин мақсад соли 2011 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор» Қоидаҳои ҷамъоварии лампаҳои истифодашуда аз аҳолӣ таҳия  шуд. Аз давраи қабули ин қарор то имрӯз 1765 нуқтаи қабули лампаҳои симобдор ташкил шуда, зиёда аз 2 044 329 адад ҷамъоварӣ шудааст.

Ба кор андохтани ин таҷҳизот ба безарар ва самаранок истифода намудани партови лампаҳои симобдори ҷамъшуда мусоидат менамояд. Ин барои саломатии аҳолӣ ва нигоҳ доштани амнияти экологӣ муҳим мебошад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2023 18:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд