«Конститутсия ҳуҷҷати таърихие аст, ки асосҳои сохтори давлатро аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муайян намуд», — бардошт аз маҷлис дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Ноябрь 4, 2023 14:18

ДУШАНБЕ, 04.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба 29-солагии Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҷлис изҳор шуд, ки Конститутсия ҳуҷҷати таърихие аст, ки асосҳои сохтори давлатро аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муайян намуда, дар он муносибати давлат ва шахсият, озодии сухан, виҷдон ва рафтору кирдори ҳар шаҳрванд ба таври амиқ ифода гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо  бахшида  ба Рӯзи Конститутсия таъкид намуда буданд, ки «дар ҷаҳони муосир сохти демократӣ ва дунявии давлатдорӣ ба суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт мусоидат намудааст. Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, бунёд намудани давлатро бо назардошти арзишҳои миллӣ ихтиёр намудааст. Зеро ҳар миллати соҳибтамаддун мувофиқи  хусусияти миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву мазҳабии худ давлатдорӣ менамояд».

Дар ҳамоиш ба низоми ҳуқуқӣ даромадани тамоми фаъолият, қадам ба қадам роҳ гирифтан ба самти ҳадафҳои стратегӣ ва ормонҳои миллӣ, инчунин дигар муваффақиятро низ маҳз ба қабул гардидани Конститутсия марбут донистанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба таври райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад ва тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба он 3 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Ноябрь 4, 2023 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд