«Конститутсия ҳуҷҷати таърихие аст, ки асосҳои сохтори давлатро аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муайян намуд», — бардошт аз маҷлис дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист
ДУШАНБЕ, 04.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҷлис изҳор шуд, ки Конститутсия ҳуҷҷати таърихие аст, ки асосҳои сохтори давлатро аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муайян намуда, дар он муносибати давлат ва шахсият, озодии сухан, виҷдон ва рафтору кирдори ҳар шаҳрванд ба таври амиқ ифода гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо бахшида ба Рӯзи Конститутсия таъкид намуда буданд, ки «дар ҷаҳони муосир сохти демократӣ ва дунявии давлатдорӣ ба суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт мусоидат намудааст. Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, бунёд намудани давлатро бо назардошти арзишҳои миллӣ ихтиёр намудааст. Зеро ҳар миллати соҳибтамаддун мувофиқи хусусияти миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву мазҳабии худ давлатдорӣ менамояд».
Дар ҳамоиш ба низоми ҳуқуқӣ даромадани тамоми фаъолият, қадам ба қадам роҳ гирифтан ба самти ҳадафҳои стратегӣ ва ормонҳои миллӣ, инчунин дигар муваффақиятро низ маҳз ба қабул гардидани Конститутсия марбут донистанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ба таври райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад ва тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба он 3 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зист








Ҳамкории Тоҷикистон бо Муғулистон дар самти идоракунии захираҳои обӣ баррасӣ шуд
Ассотсиатсияи миллии сайёҳии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Кӯлоб оид ба истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд
Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ бо Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ баррасӣ гардид
Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Душанбе конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баргузор шуд
Рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва CIPE баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласа оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал дар Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои СММ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти мансабдорони аршади CAREC-2026 дар Улан-Батор иштирок менамояд






