ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. То имрӯз беш аз 10 000 чиптаи бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Ал-Наср» фурӯхта шудааст
ДУШАНБЕ, 30.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. То вохӯрии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ 5 рӯз боқӣ мондааст ва аз нисф зиёди чиптаҳои бозӣ аллакай фурӯхта шудаанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
То имрӯз беш аз 10 ҳазор чипта фурӯхта шудааст. Чиптаҳои бозии дарпешистода дар се категория пешниҳод шудаанд. Категорияи якум – нишастгоҳҳои ғарбӣ (бахшҳои 1, 2, 3, 4) мебошанд, ки нархаш 300 сомонӣ аст. Барои нишастгоҳҳои боқимонда (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) нархи як чиптаи категорияи дуюм 100 сомонӣ муқаррар шудааст. Арзиши чиптаҳои категорияи VIP 3000 сомониро ташкил медиҳад.
Хотиррасон мешавем, ки чиптаҳо дар хазинаи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва дар мағозаи расмии «Истиқлол» – «Joma» дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-85 ба фурӯш гузошта шудаанд.
Вохӯрии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ 5 декабр, соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






