Олимони Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини Чин ба Институти физикаю техникаи Тоҷикистон меоянд
ДУШАНБЕ, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр ҳайати олимон ва мутахассисони соҳаи физика, зеҳни сунъӣ, ҳисоббарориҳои зеҳнии калон ва бехатарии шабакаҳои Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи Чунсини (CQUPT) Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Институти физикаю техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Султон Умаров меояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти физикаю техника хабар доданд.
Зимни боздид олимон масъалаҳои таҳқиқоти муштараки пешқадам дар соҳаи технологияҳои ҳисоббарории зеҳнии додаҳои калон, аз ҷумла дар соҳаи маводшиносӣ ва муҳандисӣ, тарҳрезии зеҳнии маводи функсионалии оптоэлектронӣ ва дастгоҳҳо барои равшанӣ, энергетика, дисплейҳо, ҳасосакҳо ва телекоммуникатсияро баррасӣ менамоянд.
Гуфта шуд, ки ҷаҳони муосир бо рушди бесобиқаи технологияи баланд фарқ менамояд ва донишҳои бунёдӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мақоми марказӣ ва ҳалкунандаро дар рушди соҳаҳои саноат ва технологияҳои муосир соҳиб гаштаанд. Аз ҷониби дигар, динамикаи равандҳои илмию таҳқиқотӣ, ихтирооту коркарди технологияҳои нав бо баробари пурқувват шудани омилҳои ҷаҳонишавӣ бо шитоб ва қонунияти нави хосса ба замони муосир рушд менамоянд. Дар чунин муҳити пуррақобат танҳо чораҳои саривақтии комплексӣ ва саҳеҳу дақиқ донистани қонунияти рушди илм имкон медиҳанд, ки бо роҳҳои оптималӣ дар соҳаи илм ҷаҳишҳои мусбат ба даст оварда шаванд.
АКС: Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






