Парчами Тоҷикистон, ки соли 2009 дар Антарктида афрохта шуд, ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид

Ноябрь 23, 2023 17:27

ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид, ки зимни он аз ҷониби директори Маркази омӯзиши пиряҳо Абдулҳамид Қаюмов Парчами Тоҷикистон, ки соли 2009 дар доираи экспедитсияи омӯзишӣ дар Антарктида парафшон гардида буд, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки дар фарҳанги давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле қадим ва рангин дошта, он дар осори хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, бахусус деворнигораҳои мухталиф, сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва достону қиссаҳои мардумӣ инъикос ёфтааст.

Ёдоварӣ шуд, ки  24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва бо ҳамин ҷумҳурии мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

Дар ин замина, соли 2007 бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ва қабул гардид, барои ҳифз ва муаррифӣ ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид.

Бояд гуфт, ки 24 ноябри соли 2022 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муддати 193 рӯз  дар кайҳон қарор дошт, аз ҷониби кайҳоннавард Солеҳҷон Шарифов расман ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2023 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст