Шаҳри Турсунзода дар номинатсияи «Шаҳрҳои беҳтарин»-и озмуни ҷумҳуриявӣ сазовори дипломи дараҷаи III гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Турсунзода дар Озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба муайян намудани «Беҳтарин шаҳру ноҳия, деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» аз рӯйи номинатсияи «Шаҳрҳои беҳтарин» дар сатҳи ҷумҳурӣ «Беҳтарин шаҳр» ҳисобида шуда, сазовори дипломи дараҷаи III гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Дипломро дар вазъияти тантанавӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода тақдим намуд.
Таъкид гардид, ки озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки барои вусъат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори Тоҷикистон ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти мамлакат ба ифтихори 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ гузаронидани озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи беҳтарин амалӣ мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад






