СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Коргоҳи дӯзандагии Литсеи касбӣ- техникии ноҳияи Шуғнон хонандагонро бо либоси мактабӣ таъмин менамояд
ДУШАНБЕ, 28. 11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмин намудани сару либоси ягонаи мактабӣ ва ба кор даровардани коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ дар ноҳияи Шуғнон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дӯхти либоси мактабӣ амалӣ мешавад. Дар ҳамин замина соли аввал аст, ки дар назди Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон» коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият дошта, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро бо либоси мактабӣ таъмин менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.
Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳи дӯзандагӣ шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки аллакай соли равон аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия бо ин корхона шартнома баста шуда, ба ҳолати имрӯза зиёда аз ҳазор ҷуфт сару либоси мактабӣ барои хонандагони ноҳия дӯхта шудааст. Ҳоло низ дар ин корхона чеварон ба дӯхти либоси мактабӣ машғул мебошанд.
Дар Литсеи касбӣ-техникӣ бахшҳои кафшергари барқию газӣ, дӯзандагию дуредгарӣ амал намуда, барои омӯзиши ҳаматарафаи ин ихтисосҳо ҳам омӯзгорони ботаҷриба ва ҳам таҷҳизоти пешрафта мавҷуд аст.
Имсол мутобиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд барои Литсейи касбӣ-техникии ноҳия ба маблағи бештар аз як миллион сомонӣ техникаву таҷҳизоти муосир дастрас шуда, дар ихтиёри донишҷӯён гузошта шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Дар марказҳои касбомӯзии Тоҷикистон беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешаванд
ОГОҲӢ! Аз 15 то 18 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 25 ихтисоси нав дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 4700 нафар машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзиро хатм намуданд
Дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ бар асари омадани сел хисороти зиёд ба қайд гирифта шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд






