5 декабр дар се минтақаи шаҳри Душанбе фан-зона барои тамошои бозии «Истиқлол» ва «Ал-Наср» ташкил мешавад
ДУШАНБЕ, 03.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба диққати мухлисони футбол мерасонем, ки 5 декабр барои ҳаводорони футбол дар се минтақаи шаҳри Душанбе – назди марказҳои савдои «Ашан», «Сиёма мол» ва ҳамзамон дар назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фан-зона* барои тамошои бозии «Истиқлол» ва «Ал-Наср» ташкил мешавад.
Тавре шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, то вохӯрии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ 4 рӯз боқӣ монда, аз нисф зиёди чиптаҳои бозӣ аллакай фурӯхта шудаанд.
Чиптаҳои бозии дарпешистода дар се категория пешниҳод шудаанд. Категорияи якум – нишастгоҳҳои ғарбӣ (бахшҳои 1, 2, 3, 4) мебошанд, ки нархаш 300 сомонӣ аст. Барои нишастгоҳҳои боқимонда (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) нархи як чиптаи категорияи дуюм 100 сомонӣ муқаррар шудааст. Арзиши чиптаҳои категорияи VIP 3000 сомониро ташкил медиҳад.
Хотиррасон мешавем, ки чиптаҳо дар хазинаи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва дар мағозаи расмии «Истиқлол» – «Joma» дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-85 ба фурӯш гузошта шудаанд.
Вохӯрии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ 5 декабр, соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Фурсати тамошои рақобати ҷолибро дар монитори калон аз даст надиҳед!
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
_____________
*Фан-зона минтақаи муайяни хеле наздик ба саҳна ё монитор аст, ки ҳама метавонанд аз он аксбардорӣ намоянд ё бозингаронро то ҳадди имкон аз наздик бубинанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд






