Ҳайати Корея бо сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон шинос шуд

Декабрь 8, 2023 16:10

ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр ҳайати Ҷумҳурии Корея, ки бо мақсади омӯзиши раванди ба низоми  иҷозати кор (EPS) ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумҳурии мо омадааст, бо сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  дар вилояти Хатлон шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат хабар доданд.

Ҳайат нахуст бо ҷараёни омӯзиш дар филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара ва корҳои сохтмонӣ дар Маркази рушди малакаҳо, ки дар доираи амали лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бо кор таъминшавӣ» дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бунёд мегардад, шинос шуд.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки дар ин марказ ва ҳамин гуна марказҳое, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Роғун ва ноҳияи Восеъ бунёд мегарданд, касбу ихтисосҳои мавриди талаботи кордиҳандаи хориҷӣ, аз ҷумла забони давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ омӯзонида шуда, ба хатмкардагон шаҳодатнома дода мешавад.

Таъкид гардид, ки омӯзиши забони кореягӣ ва ихтисосҳои мавриди талаботи кордиҳандаи Ҷумҳурии Корея низ дар заминаи ин марказҳо, ки соли 2024 ба фаъолият шуруъ менамоянд, ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Бохтар ҳайати меҳмонон бо ҷараёни корҳои сохтмонии марказҳои хизматрасонӣ ба муҳоҷирон шинос шуданд. Ба онҳо имконоти омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла кишоварзӣ муаррифӣ шуд. 

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 8, 2023 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст