БАХШИДА БА РӮЗИ ГЕОЛОГҲО. Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошанд

Декабрь 8, 2023 14:57

ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ ташкил ва рӯ ба инкишоф ниҳод. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли сурб, руҳ, тилло, нуқра, мис, қалъагӣ, сурма, симоб, флорит, булӯри кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо, ба мисли лаъл, лоҷувард, фирӯза ва ғайра, ҳамзамон намаксанг, масолеҳи сохтмонӣ, ангишт, нафт, гази табиӣ, обҳои маъданӣ ва ҳоказо ба роҳ монда шудааст, ки ба манфиати хоҷагии мамлакат ва пур шудани қисми буҷети ҷумҳурӣ равона шудааст. Ин матлабро Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мақолааш бахшида  Рӯзи геологҳо, ки 9 декабр дар Тоҷикистон эълон гардидааст, баён дошт.

Бахтиёр Маҳмадалӣ дар идома чунин гуфт:

—  Рушди иқтисодиёти мамлакат аз соҳаи геология сахт вобастагӣ дорад. Бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамасола 9 декабр дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи геологҳо гузаронида мешавад.

Тавре гуфтем, 93 дарсади масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ин ба рушди соҳаҳои кӯҳкорию металлургия мусоидат менамояд.

Кӯҳкорӣ аз соҳаҳое мебошад, ки бо ҷуғрофиёи мавҷуда ва мутобиқ аксар ҷавононро водор месозад, то дар роҳи омӯзиши он гом бардоранд. Ногуфта намонад, ки  ин соҳа хеле шавқовар буда, дар аксари мамлакати олам ҳамчун шуғли дӯстдоштанӣ ҳисобида мешавад.

Роҷеъ ба рушди геология ва манфиати он барои ҷомеа, имконияти мавҷудаи мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш чунин гуфта буданд: «Тоҷикистон сарзамини пур аз ганҷу сарватҳои табииву зеризаминӣ мебошад. Аммо ин боигарӣ то ҳанӯз кам омӯхта шудааст ва барои истихроҷу коркарди онҳо ба кадрҳои баландихтисос ниёз дорад».

Геология дар замонҳои қадим низ дар сарзамини тоҷикон шуҳрат дошт ва олимони бузурги мо роҷеъ ба ин соҳа асарҳои зиёде офаридаанд, аммо суоле ин ҷо матраҳ мешавад, ки оё насли ҷавони ҷумҳурӣ аз ин маълумот огоҳ аст?

Оё насли ҷавон медонад, ки гузаштагони мо аз замонҳои қадим ба иктишоф, ҷустуҷӯ ва гудозиши маъдан ва истихроҷ машғул буданд?

Воқеан ҳам адабиёти зиёде мавҷуд ҳаст, ки ҳамчун илм ва тахассус мавҷуд будани геология ва геологро дар сарзамини мо исбот менамоянд.

Дар натиҷаи таҳқиқоти навтарини археологӣ ва геологӣ авзои ҳақиқии кӯҳкории асрҳои IХ-Х қариб пурра омӯхта шудааст. Маъданшиносону кӯҳкорони тоҷик соҳиби таҷрибаи бойи чандинасра буданд. Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳон Берунӣ донишмандони маъруф ва асосгузорони илми минералогия буданд. Онҳо хосияти минералҳоро омӯхта, сахтӣ, зичӣ, таркиб ва минералҳои ҳамроҳи онҳоро шарҳ додаанд. Дар хусуси конҳо ва минералҳои он, тасниф ва гурӯҳбандии онҳо асарҳо нашр намуда буданд, ки бо омӯхтани онҳо аҷдодони мо дар шароити вазнини пешин конҳои минералҳоеро кафш намудаанд, ки имрӯз геологҳо ба онҳо баҳои баланд дода, дар пайдо ва коркарди онҳо ангушти ҳайрат мегазанд. Гузаштагони мо якчанд минералҳоро ба таври худ ёфта, номгузорӣ намудаанд, ки «заргун» яке аз онҳо аст – он ҳоло бо номи «сиркон» машҳур аст, ки асоситарин минерал барои муайянкунии синну соли геологӣ ба ҳисоб меравад.

Шоирон низ дар навбати худ бетараф набуданд, онҳо ба таври худ дар ин раванд саҳм мегузоштанд. Дар шеърҳои шоирони мо дар васфи сангҳои қиматбаҳо, аз қабили ақиқ, лаъли Бадахшон, ёқут, марворид, фирӯза, лоҷувард ва ғайра байтҳои зиёде гуфта шудаанд, ки ба таври дигар гӯем, он тарғиби олиҷаноб ва ҳуҷҷати таърихӣ ба ҳисоб меравад. Мисол, Литвинов менависад, ки тоҷикон сангҳои сунъӣ – синтетикӣ сохтанро хеле барвақт ёд гирифта буданд, дар ҳоле, ки ин ҳунар фақат дар асри ХIХ аз тарафи олимони Аврупо кашф ва истифода шудааст.

Барои насли ҷавони тоҷик имрӯз фақат зарур аст, ки бо андӯхтани илмҳои замони худ ва истифода аз таҷрибаву иттилоотӣ геологӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат саҳм гузорад. Имрӯз пешаи геология яке аз серхаридортарин буда, маоши геологҳо дар бозори ҷаҳонии меҳнат хеле баланд арзёбӣ мегардад. Чунки маҳз геологҳо дар шароити гуногун  фаъолият намуда, на ба сардӣ нигоҳ менамоянду на ба гармӣ, фақат барои пешрафт ва натиҷаи мусбат гирифтан амал менамоянд. Геологҳо ояндаи замин, авзои қишрҳоро пешгӯӣ намуда, барои садсолаҳо барномарезӣ месозанд, ки ин ба мавҷудияти башарият ва барномасозии он мусоидат менамояд. Кашф намудани конҳо, канданиҳои фоиданок, маъданҳо, сангҳои қиматбаҳо, обҳои зеризаминӣ ва умумияти зиёде, ки ба заминшиносӣ ва замин марбутанд, натиҷаи кори геологҳо мебошад.

Дар давраи нави давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳи бештар ба захираҳои табиии ҷумҳурӣ дода шуд ва мутахассисони зиёде ба ин масъала таваҷҷуҳ намуданд. Соҳаи геология яке аз соҳаҳои муҳиму зарурӣ дар ин шабу рӯз дониста мешуд ва феълан ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуд, аксарияти соҳаҳо маҳз дар давраи нави давлатдории тоҷикон рушд намуд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, дар Тоҷикистон шумораи зиёди  кон ва зуҳурот кашф ва омӯхта шудаанд, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошанд. Ҳоло ҳамагӣ 27 фоизи ин захираҳо истихроҷ ва коркард мешавад, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мо қонеъкунанда нест.

Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодиёт ва саноати мамлакатро, пеш аз ҳама, оқилона истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ ба манфиати хоҷагии халқи мамлакат, баланд бардоштани вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ ва некуаҳволии мардум ташкил медиҳад. Ин аст, ки Пешвои миллат дар ҳар суханронӣ ҷиҳати пурқимат будан, сифатан истеҳсолу истеъмол намудани маъданҳои нодир ва канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ ҳамеша ёдовар мешаванд.

Зимни сафар ва мулоқот бо ҳамтои русиягӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия бо ҳузури рӯзноманигорон ҷиҳати ҷалби сармоягузорон ба ҷумҳурӣ ва омӯзиши масъалаҳои геологӣ, кашф ва истихроҷ чунин иброз доштанд: «Дар қаъри замини Тоҷикистон 800 кон ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф шудаанд. Онҳо, аз ҷумла, дорои захираҳои ҳаётан муҳими маъданию хом, ки имрӯз талаботи зиёд доранд, мебошанд. Мо аз доираҳои тиҷоратии Русия даъват ба амал меорем, ки дар коркарди ин захираҳо ҳамкорӣ намоянд. Мо дурнамои ҳамкориро дар коркарди конҳои нафту гази Тоҷикистон муфассал баррасӣ намудем.

Ҳамкории мутақобила оид ба масъалаҳои барқарорсозии муштараки ҳудуди Тоҷикистон, ки дар гузашта истихроҷи уран дар онҷо ҷойгир буд, мусбат арзёбӣ шуд. Шарики асосии ҷониби Тоҷикистон ширкати «Росатом» мебошад».

Омӯзиши соҳаи геология феълан хеле муҳим буда, ба фардои дурахшони ҷомеа мусоидат менамояд. Саноатикунонии босуръати мамлакатро бе соҳаи геология тасаввур намудан имкон надорад ва ин воситаи аслӣ барои расидан ба ин ҳадафи олӣ мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2023 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2024 285 номзад пешниҳод гардид
Имрӯз дар Душанбе сардии ҳаво ба 2 дараҷа мерасад
Байни донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ оғоз ёфтанд
Сӯхтори ҷангал дар Техас дар таърихи мушоҳидаҳои иёлат дуюмин бузургтарин гардид
Созмони Милали Муттаҳид барои кумак ба Эфиопияи шимолӣ, ки аз хушксолӣ зарар дидааст, 17 миллион доллари ИМА ҷудо намуд
Обу ҳавои номусоид ва обхезӣ сабаби маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар Испания гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борону барф меборад
Иттиҳоди Аврупо ҷазо барои ҷиноятҳои экологиро сахттар намудааст
Таваллуд дар Ҷопон соли 2023 ба сатҳи рекордӣ коҳиш ёфт
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Турсунзода беш аз 350 бех ниҳоли арча шинонида шуд
Дар шарқи Туркия дар кон фурӯрезии ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал омад