Дар Душанбе оид ба истиқлол ва рушди санъати мусиқии касбии тоҷик машварати ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 18.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Истиқлол ва рушди санъати мусиқии касбии тоҷик: воқеият ва дигаргунсозии низоми таҳсилоти бадеӣ» машварати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар машварат роҳбарияти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ҳайати профессорону омӯзгорони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз, Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбонови шаҳри Кӯлоб, намояндагони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва мактабҳои санъат ва мусиқии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки дар сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди санъати мусиқии касбӣ ва омода сохтани мутахассисони соҳибкасб ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд.
Инчунин дар мавзуъҳои рушди мусиқии ҳирфаӣ, мушкилоти мусиқии касбӣ, нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар пешрафти соҳа, омодасозии кадрҳои мувофиқи талаботи имрӯзу фардо ибрози андеша шуд.
Дар ҷамъбасти машварати ҷумҳуриявӣ байни иштирокчиён мубодилаи афкор доир шуда, устодон ва мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат оид ба рушди санъати мусиқии касбии тоҷик, тайёр намудани мутахассисони оянда ва ҳалли камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳояшонро иброз доштанд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Филм дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад
Таҳти унвони «Аз ёдҳо фарёдҳо» китоби Садриддин Ҳасанзода нашр гардид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Фархор бо шаҳомати хос баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги шаҳри Нораку ноҳияи Ёвон бо намоиши молу маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ доир шуд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
Пагоҳ Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикфилм» истеҳсоли се филми пурраметражи ҳунариро ба анҷом расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти 75 ташкилотро мавриди санҷиш қарор дод






