Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон соҳаи энергетикаро яке аз авлавияти стратегии худ медонад»

Декабрь 4, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 4.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре  АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дуюми декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Чорабинӣ дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-28)  дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд.

Сарвари давлат изҳор намуданд, ки истифодаи долонҳои нақлиётӣ ва транзитии минтақавӣ, ки ба талаботи Барномаи амали Вена ҷавобгӯ мебошад, қобили қабул буда, «ҷониби Тоҷикистон уҳдадориҳои худро ба муқаррарот ва тавсияҳои Барномаи амали Вена барои таҳкими пайванди он ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ ва мусоидат ба густариши тиҷорати зерминтақавӣ ва минтақавӣ равона месозад. Умед дорем, ки бозбинии ҳамаҷониба зимни Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид (2024) барои ҳалли эҳтиёҷоти кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва ҷалби кумакҳои байналмилалӣ имкони муносиб фароҳам меорад. Ҳамчунин истифодаи мақсадноки иқтидори транзитии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ барои дастрасии зудтар ба ҳадафҳои рушди устувор мувофиқ аст».

Президенти мамлакат ҳамчунин гуфтанд, ки истифодаи мақсадноки иқтидори транзитии кишварҳои маҳсур дар хушкӣ барои дастрасии зудтар ба ҳадафҳои рушди устувор мувофиқ мебошад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз минбари баланди ҷаҳонӣ оид ба талошҳои Ҳукумати мамлакат дар татбиқи усулҳои иқтисоди «сабз» ба роҳбарони давлатҳо маълумот дода, гуфтанд, ки «Тоҷикистон соҳаи энергетикаро яке аз авлавияти стратегии худ медонад. Неругоҳҳои обӣ, ки 98 фоизи неруи барқро дар Тоҷикистон тавлид месозанд, манбаи аслии энергияи «сабз» дар мамлакат ба шумор мераванд. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани мувозинати тавлид ва истифодаи неруи барқ тавассути навсозӣ ва афзоиши иқтидори неругоҳҳои мавҷудаи худ тадбирҳои ҳамаҷониба меандешад».

Зимнан, аз тарафи Ҳукумати мамлакат «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул ва он мавриди амал қарор дода шудааст. Дар баробари ҳамин барои зиёд намудани ҳиссаи энергияи таҷдидшаванда дар давлатҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ сармоягузории бештари кишварҳои мутараққӣ зарур аст.

Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони давлатҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ даъват намуданд, ки дар чорабиниҳои обии дарпешистода дар Душанбе фаъолона иштирок намоянд, аз ҷумла барои иштирок дар Конфронси хотимавии Даҳсолаи амал, ки  соли 2028 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, ба Душанбе ташриф оранд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 4, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
14-16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest-2025» баргузор мешавад
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»