Раиси вилояти Хатлон сарбозони қисми низомии ноҳияи Вахшро ба ватандӯстӣ даъват намуд

Декабрь 31, 2023 10:31

ДУШАНБЕ, 31.12.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Вахш рафта, ба сарбозони ин қисми низомӣ маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, каду, гӯшт ва ғайра расонид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Раиси вилоят дар ҳудуди қисми низомӣ дарахти ҳамешасабз шинонида, хобгоҳи аскаронро тамошо намуд ва бо шароити хизмати сарбозон шинос шуд. Сипас кормандон ва аскарон машқи намунавӣ нишон дода, асбобу дастгоҳҳоеро, ки ҳангоми наҷотдиҳӣ истифода мебаранд, ба намоиш гузоштанд.

Зимни суҳбат Раиси вилояти Хатлон  таъкид намуд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро баҳри ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолу озодии Тоҷикистон равона созанд.

Зимни суҳбат бо сарбозон Раиси вилоят аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли равон пешниҳод гардид, чунин иқтибос овард: «Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди давлати соҳибихтиёрамон равона созем».

Барои сарбозон дастархони идона ороста шуда, ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон бо пешниҳоди барномаи ҷолиби мусиқӣ ва таронаҳои ватанпарварона хотири сарбозонро шод гардониданд.

АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Декабрь 31, 2023 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бо иштироки ҷавонон ҳамоиш доир гардид