Теъдоди бар асари заминларза дар Чин ҳалокшудагон ба 149 нафар расид
ДУШАНБЕ, 26.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи заминларзаи пурқувваттарини давоми солҳои охир дар Чин ба 149 нафар расидааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ABC News бо истинод ба CCTV хабар додаст.
Шумораи ҳалокшудагон дар шаҳри Дунхайи музофоти Тсзинхай рӯзи якшанбе як тан зиёд шуда, ба 32 нафар расид. Дар Гансуи ҳамсоя 117 нафар ҳалокшуда сабт шудааст. Ҳамчунин наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯи ду нафари гумшударо идома медиҳанд.
Дар натиҷаи заминларза бо қувваи 6,2 балл, ки 18 декабр дар қаламрави шаҳраки Люгоуи музофоти Гансу ба амал омад, тақрибан ҳазор нафар захмӣ шуда, беш аз 14 ҳазор манзил хароб гардидааст.
Ин заминларза дар Чин дар нуҳ соли охир харобиовартарин дониста шуд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: «Синхуа»








Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст






