Дар вилояти Хатлон масъалаи таъсиси корхонаҳои саноатии коркарди пӯст ва пашм баррасӣ шуд

Январь 30, 2024 10:37

ДУШАНБЕ, 30.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Ҷамъияти масъулияти маҳдуди Ширкати технология ва савдои саноати кишоварзии «Фусин Синйида»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Гао Джонг Тао масъалаи таъсиси корхонаҳои саноатии коркарди пӯст ва пашм дар вилояти Хатлон баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин дар марҳилаи кунунӣ бо суръат рушд меёбад. Бо мақсади баррасии маҷмуи муносибатҳои дуҷониба ва муайян намудани дурнамои рушди минбаъдаи онҳо Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушди ҳамкорӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин  бомуваффақият фаъолият дорад.

Раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аст. «Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат менамояд, манфиатдор ҳастем. Вилояти Хатлон рушди ҳамкории минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонад»,-баён дошт ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Хатлон се минтақаи озоди иқтисодӣ — «Кӯлоб» (309,2 гектар) дар шаҳри Кӯлоб, «Данғара» (521 гектар) дар ноҳияи Данғара ва «Панҷ» (401 гектар) дар ноҳияи Ҷайҳун фаъолият менамоянд.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Январь 30, 2024 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд