СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Гулистон коргоҳи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ ва ноқилҳои барқӣ сохта мешавад

Январь 9, 2024 14:29

ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) якчанд корхонаҳои саноатӣ бунёд ва навсозӣ мешаванд. Раиси вилояти Суғд бо ҷараёни кор дар ин корхонаҳо шинос гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  21 декабри соли 2021  бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимову иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла  раванди саноатикунонии босуръати мамлакат пешниҳод гардид, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон шаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси соҳибкорон фабрикаи парандапарварӣ бунёд мегардад. Фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Шамс тиҷорат» бо истифода аз дастгириҳои давлатӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон коргоҳи нав бунёд мешавад, ки дар он истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ ва ноқилҳои барқӣ амалӣ мешавад.

Маълумот дода шуд, ки ин коргоҳ аз ҷониби соҳибкор Саидбой Абдуллоев сохта шуда, корҳои созандагӣ дар иншоот тибқи нақша идома дорад. Дар бозори дохил ва берун аз он талабот ба ноқилҳои барқӣ зиёд аст. Аз ин хотир, ташкили чунин коргоҳ мувофиқи мақсад дониста шуд. Таъкид гардид, ки баъди пурра васлу насби дастгоҳу таҷҳизот истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ барои обёрӣ ва беш аз 10 намуди ноқилҳои барқӣ истеҳсол ва ҳамзамон ба кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар айни замон корҳои сохтмонӣ идома доранд ва масъулин азм доранд, ки дар муҳлати пешбинишуда корҳоро ба анҷом расонанд.

Раиси вилояти Суғд зимни суҳбат аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини рушди соҳаи саноат, ташкили ҷойҳои нави кор, ворид ва насби хатҳои нави истеҳсолӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар вилояти Суғд барои соҳибкориву сармоягузорӣ шароит муҳайё мебошад. Соҳибкорони ватандӯст бо истифода аз он дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда саҳми арзанда мегузоранд.

Дар корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Тилгат» ояндаи наздик беш аз 20 навъи рангҳои сохтмонӣ истеҳсол мешавад. Дастгоҳу таҷҳизот аз Чин ва Туркия ворид гардида, бо фаъол гаштани корхона 30 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Бо назардошти рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Гулистон коргоҳи консервабарорӣ ташкил мегардад. Дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Таъминоти моҳӣ» корҳои навсозии коргоҳи консервабарорӣ идома доранд. Ояндаи наздик дар ин коргоҳ бо истифода аз гӯшти моҳӣ консерва истеҳсол ва басту банд мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 9, 2024 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикобод 5 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикстандарт» зиёда аз 1 миллион килограмм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоиро ба қайд гирифт
Дар Душанбе оид ба молияи исломӣ ва бозорҳои сармоя машварати байналмилалӣ оғоз гардид
«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои мошингарди Тоҷикистон беш аз 5 миллион бех ниҳол шинонида мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони ноҳияи Лахш соли 2025 беш аз 111 ҳазор тонна картошка истеҳсол намуданд
Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
Соли 2025 дар Тоҷикистон ба ҳар гектар замин 7,3 ҳазор метри мукааб об расонида шуд
Соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор тонна зардолуи хушк содирот карда шуд
Хадамоти алоқа: Соли 2025 ҳаҷми хизматрасонии почта дар Тоҷикистон беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 3,4 миллион доллар ангури тар ва хушк содирот гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шурои диссертатсионии нав таъсис ёфт