ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ. Соли 2023 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе 60 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардид

Январь 31, 2024 14:11

ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе 6918 санҷиши муштарак доир ба пешгирии қонуншиканӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  1416 санҷиш зиёд мебошад. Дар ин хусус  зимни баргузории ҷаласаи Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 808 санҷиш, дар ноҳияи Фирдавсӣ — 1401, дар ноҳияи Сино – 1881 ва дар ноҳияи Шоҳмансур 1376 санҷиш гузаронида шуд.

Дар ҷаласа роҷеъ ба татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори назар шуд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он зимни гузаронидани санҷишҳо якчанд ҳолат пешгирӣ ва 60 қонунвайронкунӣ ошкор шуд, ки нисбат ба онҳо санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва ба мақомоти дахлдор ирсол шуданд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 маҷмуан 13 адад зиёд мебошад.

Таъкид шуд, ки аз 15 ҳазору 395 ҷашну маросими дар ҳудуди шаҳри Душанбе баргузоргардида,  танҳо 6918 адади он мавриди санҷиш ва назорати комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он қарор гирифт, ки ҳамагӣ 45% санҷишҳоро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат  соли 2007 ба тасвиб расид.

Мақсади асосӣ ва ниҳоии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ва мусоидат ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва дар маҷмуъ фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат мебошад.

Ҳамзамон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона шудааст.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе

Январь 31, 2024 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
DITE-2025. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ Душанбе ба маркази сайёҳии минтақа табдил меёбад
Дар Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд
15 июл иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи фарҳангӣ доир мешавад
Дилбар Одилзода: «Ваҳдати миллӣ ва рушди зан дар Тоҷикистон ду раванди бо ҳам пайвастанд»
Раиси шаҳри Душанбе бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд
Рустами Эмомалӣ роҳи мошингарди кӯчаи Бухоро пайваст ба кӯчаи Ҳабибулло Назаровро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Шайх Сурур бин Муҳаммад Оли Наҳён мулоқот намуданд